Сулаймо Мунзу Ҳаллат Би-Л-Ироқӣ

Сулаймо мунзу ҳаллат би-л-Ироқӣ
Улоқӣ ман навоҳо мо улоқӣ
Ало, эй сорбони маҳмили дӯст,
Ило рукбоникум тола-штиёқӣ
Хирад дар Зиндарӯд андозу май нӯш,
Ба гулбонги ҷавонони ироқӣ.
Рабиъ-ул-умри фӣ маръо ҳимокум,
Ҳамокаллоҳу ё аҳд-ат-талоқӣ.
Биё, соқӣ, бидеҳ ратли гаронам,
Сақокаллоҳу мин каъс-ид-диҳоқӣ
Ҷавонӣ боз меорад ба ёдам
Самоъи чангу дастафшони соқӣ
Маи боқӣ бидеҳ то масту хушдил,
Ба ёрон барфишонам умри боқӣ.
Дарунам хун шуд аз нодидани дӯст,
Ало таъсан ли айём-ил-фироқӣ.
Думуъӣ баъдукум лотаҳқируҳо,
Фа кам баҳрин амиқин мин савоқӣ,
Даме бо некхоҳон муттафиқ бош,
Ғанимат дон умури иттифоқӣ.
Бисоз, эй мутриби хушхону хушгӯ
Ба шеъри форсӣ савти ироқӣ.
Арӯси бас хушӣ, эй духтари раз,
Вале гаҳ-гаҳ сазовори талоқӣ.
Масеҳои муҷаррадро бирозад,
Ки бо хуршед созад ҳамвисоқӣ,
Висоли дӯстон рӯзии мо нест,
Бихон Ҳофиз, ғазалҳои фироқӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *