Субҳи Давлат Медамад, Ку Ҷоми Ҳамчун Офтоб

Субҳи давлат медамад, ку ҷоми ҳамчун офтоб
Фурсате беҳ з-ин куҷо ёбам, бидеҳ ҷоми шароб!
Хона беташвишу соқӣ ёру мутриб базлагӯ,
Мавсими айш асту даври соғару аҳди шабоб.
Хилвати хос асту ҷои амну нузҳатгоҳи унс,
«Ин, ки мебинам, ба бедорист ё раб, ё ба хоб?»
Аз паи тафриҷи табъу зевари ҳусну тараб,
Хуш бувад таркиби зарринҷом бо лаъли музоб.
Аз хаёли лутфи май машшотаи чолоки табъ
Дар замири барги гул хуш мекунад пинҳон гулоб.
Шоҳиду соқӣ ба дастафшону мутриб пойкӯб,
Ғамзаи соқӣ зи чашми майпарастон бурда хоб.
Шоҳи оламбахш дар даври тараб эҳомгӯ,
Ҳофизи ширинкаломи базлагӯ ҳозирҷавоб.
Бошад ин маҳ муштарӣ дурҳои Ҳофизро, аз он
Мерасад ҳар дам ба гӯши Зӯҳра гулбонги рубоб.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *