Субҳдам Мурғи Чаман Бо Гули Навхоста Гуфт

Субҳдам мурғи чаман бо гули навхоста гуфт
«Ноз кам кун, ки дар ин боғ басе чун ту шукуфт!»
Гул бихандид, ки: «Аз рост наранҷем, вале
Ҳеҷ ошиқ сухани сахт ба маъшуқ нагуфт».
Гар тамаъ дорӣ аз он ҷоми мурассаъ маи лаъл,
Эй басо дур, ки ба нӯки мӣжаат бояд суфт.
То абад бӯи муҳаббат ба машомаш нарасад,
Ҳар кӣ хоки дари майхона ба рухсор наруфт.
Дар гулистони Ирам дӯш чу аз лутфи ҳаво
Зулфи сунбул ба насими саҳарӣ меошуфт,
Гуфтам: «Эй маснади Ҷам, ҷоми ҷаҳонбинат ку?»
Гуфт: «Афсӯс, ки он давлати бедор бихуфт».
Сухани ишқ на он аст, ки ояд ба забон,
Соқиё, май деҳу кӯтоҳ кун ин гуфтушунуфт
Ашки Ҳофиз хираду сабр ба дарё андохт,
Чӣ кунад? Сӯзи ғами ишқ наёрист нуҳуфт.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *