Он Май Ки Дӯш Соқии Мо Дар Пиёла Кард,

Он май ки дӯш соқии мо дар пиёла кард,
Тадбири зӯҳди зоҳиди ҳафтодсола кард.
Бо ҷони ташнагони ғамат бодаи сабӯҳ
Кард он чӣ дӯш бо гули сероб жола кард.
Дар боғи даҳр ғунчаи рӯи ту то шикуфт
Бас хуни дил, ки дар дили хунини лола кард.
Ҳаргиз ба сӯи мо нанавиштӣ ту номае
Бо он, ки дил ба номи ту чандин рисола кард.
Туғронависи ҳусн ба дорулқазои ишқ
Бе май нарафт, номи ту андар пиёла кард.
Бар ях навишт котиби девони оразат
Ҳар бӯсае, ки чашми ту моро ҳавола кард.
Хун гашт ҷони Ҳофизи мискини хастадил,
Аз бас, ки дар фироқи лабат оҳу нола кард.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *