Мо Нагӯем Баду Майл Ба Ноҳақ Накунем,

Мо нагӯем баду майл ба ноҳақ накунем,
Ҷомаи кас сияҳу далқи худ азрақ накунем.
Айби дарвешу тавонгар ба каму беш бад аст,
Кори бад, маслиҳат он аст, ки мутлақ накунем.
Рақами мағлата бар дафтари дониш назанем.
Сирри ҳақ бар варақи шӯъбада мулҳақ накунем.
Шоҳ агар ҷуръаи риндон на ба ҳурмат нӯшад,
Илтифоташ ба маи софи мураввақ накунем.
Хуш биронем ҷаҳон дар назари роҳравон,
Фикри асби сияҳу зини муғаррақ накунем.
Осмон киштии арбоби ҳунар мешиканад,
Такя он беҳ, ки бар ин баҳри муаллақ накунем.
Гар баде гуфт ҳасудеву рафиқе ранҷид,
Гӯ, ту хуш бош, ки мо гӯш ба аҳмақ накунем.
Ҳофиз, ар хасм хато гуфт, нагирем бар ӯ,
В-ар ба ҳақ гуфт, ҷадал бо сухани ҳақ накунем.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *