Кунун, Ки Бар Кафи Гул Ҷоми Бодаи Соф Аст,

Кунун, ки бар кафи гул ҷоми бодаи соф аст,
Ба сад ҳазор забон булбулаш дар авсоф аст.
Бихоҳ дафтари ашъору роҳи саҳро гир,
Чӣ вақти мадрасаву баҳси кашфи «Кашшоф» аст.
Фақеҳи мадраса дӣ маст буду фатво дод,
Ки май ҳаром, вале беҳ зи моли авқоф аст.
Ба дурду соф туро ҳукм нест, хуш даркаш,
Ки ҳар чӣ соқии мо кард, айни алтоф аст.
Бибур зи халқу чу анқо қиёси кор бигир,
Ки сити гӯшанишинон зи Қоф то Қоф аст.
Ҳадиси муддаиёну хаёли ҳамкорон,
Ҳамон ҳикояти зардӯзу бӯрёбоф аст,
Хамӯш Ҳофизу ин нуктаҳои чун зари сурҳ,
Нигоҳ, дор ки қаллоби шаҳр сарроф аст.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *