Гудохт Ҷон, Ки Шавад Кори Дил Тамому Нашуд,

Гудохт ҷон, ки шавад кори дил тамому нашуд,
Бисӯхтаму дар ин орзуи хому нашуд.
Ба лоба гуфт шабе: «Мири маҷлиси ту шавам»
Шудам ба рағбати хешаш камин ғулому нашуд.
Паём дод, ки «Хоҳам нишаст бо риндон».
Бишуд ба риндиву дурдикашем ному нашуд.
Равост, дар бар агар метапад кӯбатари дил,
Ки дида дар раҳи худ печутоби дому нашуд.
Бад-он ҳавас, ки ба мастӣ бибӯсам он лаби лаъл
Чӣ хун, ки дар дилам афтод ҳамчу ҷому нашуд.
Ба кӯи ишқ манеҳ бе далели роҳ қадам,
Ки ман ба хеш намудам сад эҳтимому нашуд.
Фиғон, ки дар талаби ганҷномаи мақсуд,
Шудам хароби ҷаҳоне зи ғам тамому нашуд.
Дареғу дард, ки дар ҷустуҷӯи ганҷи ҳузур
Басе шудам ба гадоӣ бари кирому нашуд.
Ҳазор ҳила барангехт Ҳофиз аз сари фикр
Дар он ҳавас, ки шавад он нигор рому нашуд.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *