Бинол, Булбул, Агар Бо Манат Сари Ёрист,

Бинол, булбул, агар бо манат сари ёрист,
Ки мо ду ошиқи зорему кори мо зорист.
Дар он замин, ки насиме вазад зи турраи дӯст,
Чӣ ҷои дам задани нофаҳои тоторист?
Биёр бода, ки рангин кунем ҷомаи зарқ,
Ки масти ҷоми ғурурему ном ҳушёррист.
Хаёли зулфи ту пухтан на кори ҳар хомест,
Ки зери силсила рафтан тариқи айёрист.
Латифаест ниҳонӣ, ки ишқ аз ӯ хезад,
Ки номи он на лаби лаълу хатти зангорист.
Ҷамоли шахс на чашм асту зулфу оразу хол,
Ҳазор нукта дар ин кору бори дилдорист.
Қаландарони ҳақиқат ба ними ҷав нахаранд
Қабои атласи он кас, ки аз ҳунар орист.
Бар остони ту мушкил тавон расид, оре
Уруҷ бар фалаки сарварӣ ба душворист.
Саҳар карашмаи чашмат ба хоб медидам,
Зиҳӣ маротиби хобе, ки беҳ зи бедорист.
Дилаш ба нола маёзору хатм кун, Ҳофиз,
Ки растагории ҷовид дар камозорист.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *