Бе Ту, Эй Сарви Равон, Бо Гулу Гулшан Чӣ Кунам

Бе ту, эй сарви равон, бо гулу гулшан чӣ кунам
Зулфи сунбул чӣ кашам, орази савсан чӣ кунам?
Оҳ, к-аз таънаи бадхоҳ надидам рӯят,
Нест чун оинаам, рӯй зи оҳан чӣ кунам?
Бирав, эй носеҳу бар дурдкашон хурда магир,
Корфармоӣ қадар мекунад, ин, ман чӣ кунам?
Барқи ғайрат чу чунин меҷаҳад аз мумкини ғайб,
Ту бифармо, ки мани сӯхтахирман чӣ кунам?
Шоҳи туркон чу писандиду ба чоҳам андохт,
Дастгир ар нашавад лутфи Таҳамтан, чӣ кунам?
Мададе гар ба чароғе накунад оташи Тӯр,
Чораи тирашаби водии эман, чӣ кунам?
Ҳофизо, хулди барин хонаи мавруси ман аст,
Андар ин манзили вайрона нишеман чӣ кунам?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *