Ба Кӯи Майкада Ҳар Солике Ки Раҳ Донист,

Ба кӯи майкада ҳар солике ки раҳ донист,
Дари дигар задан андешаи табаҳ донист.
Замона афсари риндӣ надод ҷуз ба касе,
Ки сарфарозии олам дар ин кулаҳ донист.
Бар остонаи майхона ҳар кӣ ёфт раҳе,
Зи файзи ҷоми май асрори хонақаҳ донист.
Ҳар он, ки рози ду олам зи хатти соғар хонд,
Румузи ҷоми Ҷам аз нақши хоки раҳ донист,
Варои тоати девонагон зи мо маталаб,
Ки шайхи мазҳаби мо оқилӣ гунаҳ донист.
Дилам зи наргиси соқӣ амон нахост ба ҷон,
Чаро, ки шеваи он турки дилсияҳ донист,
Зи ҷаври кавкаби толеъ саҳаргаҳон чашмам,
Чунон гирист, ки Ноҳид диду маҳ донист.
Ҳадиси Ҳофизу соғар, ки мезанад пинҳон,
Чӣ ҷои мӯҳтасибу шаҳна, подшаҳ донист.
Баландмартаба шоҳе, ки нӯҳ равоқи сипеҳр,
Намунае зи хами тоқи боргаҳ донист.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *