ҚИТЪАИ ШЕЪР – Лоик Шерали

ҚИТЪАИ ШЕЪР

Ба устод
Мирзо Турсунзода
Диле дорӣ, ки дар он Осиё гунҷад.
Дар ӯ шӯру қиёми осиён ғунҷад.
Дар ӯ занҷирҳо бигсаста аз дасти ғуломон.
Дар ӯ ишкелҳо бишкаста дар пои асирон,
Дар ӯ яксон шуда зиндону маҳбасҳо,
Дар ӯ ҷо нест бар малъуну нокасҳо.

Варо ишқ ошён хонда,
Дар ӯ сулҳ ошён монда
Ба монанди парасту дар баҳорон,

Дар ӯ рашку хусумат нест,
Дар ӯ гарде хушунат нест.
Дар ӯ аз ганҷҳои ҷовидона
Ба ҷуз ганҷи сухан, ганҷи муҳаббат нест.
Хушоянд он қадар буда,
Ки муҳтоҷи хушомад нест…

Дар ӯ Варзоб меҷӯшад,
Дар ӯ Ниле чу озодипарастон мекунад исён –
Чу медонам, ки маҷрои ҳама дарёст дарёи дили шоир,
Чу медонам, ки дунёи ҳама савдост дунёи дили шоир,
Намедонам чӣ ҷои нисбат аст, аммо
Накӯ донам, ки ҳар як шоири шӯрида
бо ҳар қитъаи шеъраш
ба ҳукми қитъаи дунёст,
Ки то боқист, истиқлол мехоҳад.
Накӯ донам, ки шоир восили ҳол асту истиқбол,
Агар ҳар қитъа шеъраш бо забони ҳол фармояд,
ки истиқбол мехоҳад.

Ту дар ҳар ҳолат, эй устод,
бо ҳар қитъаи шеърат
Кушодӣ роҳ бар ҳар қитъаи олам,
Бубахшидӣ паи беҳбудии дунё,
паи дилёбии одам сурудатро! Вуҷудатро!
Кунун рӯди Қаротоғ аз миёни кӯҳсорон
рӯ ба сӯи баҳрҳо ҷорист

Кунун ӯ ошно гашта ба уқёнусу дарёҳо,
Варо дарёи назми ту, каломи ту,
Варо иқдоми ту, роҳу мароми ту
Ба дарёҳои олам роҳ бикшодаст,
Ки бо ҳар қатрааш ҳар гоҳ бо баҳре биомезад,
Бигӯяд бо забони ту, ки ӯ аз Шарқи озод аст!

[1971]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *