РОҲҲО – Лоик Шерали

РОҲҲО

Ба дӯш бори зиндагӣ
Дар кӯлвори зиндагӣ,
Аз корзори зиндагӣ
Бо ёдгори зиндагӣ.

Аз ҷустуҷӯи хештан
То бо Ватан омехтан.
Моро ба манзил мебаред,
Эй роҳҳо, эй роҳҳо,
Бо ҷазбаи дил мебаред,
Эй роҳҳо, эй роҳҳо.

Оғозатон аз ҷони мост,
Аз ишқи бепоёни мост,
Эҳсонатон эҳсони мост,
Имконатон имкони мост.

Аз байни куҳсори баланд,
Бо ному осори баланд
Моро ба манзил мебаред,
Эй роҳҳо, эй роҳҳо,
Бо ҷазбаи дил мебаред,
Эй роҳҳо, эй роҳҳо.

Бо ишқу бо савдои хуш,
Бо шавқу армонҳои хуш,
То манзари дунёи хуш,
То кишвари фардои хуш.

Аз дӯстон то дӯстон,
Аз достон то достон,
Моро ба манзил мебаред,
Эй роҳҳо, эй роҳҳо,
Бо ҷазбаи дил мебаред,
Эй роҳҳо, эй роҳҳо.

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *