ДАРЁ – Лоик Шерали

ДАРЁ

Дарё!
Дарё!
Бехуд равонӣ, дарё!
Пирӣ чу дунё
Чун ман ҷавонӣ, дарё!

Ҳар гаҳ нагунҷӣ дар соҳили худ,
Ман ҳам нагунҷам дар манзили худ.
Ҳар гаҳ бишӯрӣ, хоҳам бирезам
Андар дили ту шӯри дили худ.

Дарё!
Дарё!
Бехуд равонӣ, дарё!
Пирӣ чу дунё
Чун ман ҷавонӣ, дарё!

Оӣ сарозер аз кӯҳсорон
То киштзорон, то хушксорон
Ман ҳам равонам бо шӯру мастӣ
Аз рӯзгоре то рӯзгорон…

Дарё!
Дарё!
Бехуд равонӣ, дарё!
Пирӣ чу дунё
Чун ман ҷавонӣ, дарё!

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *