Зи Ману Ту Шараре Зод Дар Ин Дил Зи Чунон Рӯ – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Зи ману ту шараре зод дар ин дил зи чунон рӯ,
Ки хато буд аз ин рӯву савоб аст аз он рӯ!
Зи ҳамон рӯ, ки зад оташ, зи ҳамон рӯ кашад оташ,
Зи ҳамон рӯй, ки мурдам, кунадам зинда ҳамон рӯ!
Ҳама ушшоқ, ки мастанд, зи чи рӯ дида бибастанд,
Ки бидонанд, ки бечашм тавон дид ба ҷон рӯ?!
Набувад рӯй аз ин сӯ, ҳама пушт аст аз ин сӯ,
Ки нагунҷид дар ин ҳадду на дар ҷою макон рӯ!
Ба яке лаҳза чариданд ҳама ҷонҳову париданд,
Ки набояд, ки зи нуқсон шавад аз чашм ниҳон рӯ!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *