Агарчи пир шавам, зиндагӣ ҷавон бошад, – Лоик Шерали

Агарчи пир шавам, зиндагӣ ҷавон бошад,
Ситораҳои бузургон дар осмон бошад.
Фалак чу арсаи парвози табъу рӯҳи баланд,
Замин чу пояи эъҷози одамон бошад.
Канори бахту канори ҳама замину замон
Барои мардуми дилсоф бекарон бошад.
Ба ҷӯй оби равон гапзанон равад то кишт,
Ба кишт хӯшаи сархам зи бори дон бошад.
Лабони рӯд чи ширин тарона мегӯяд,
Ки ин суруди дилангез ҷовидон бошад.
Амон намедиҳад арчанд ин ҷаҳон ба касе,
Дуош мекунам аз ҷон, ки дар амон бошад.
[1979]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *