Мо ташнаем, ташнаи дидори зиндагӣ, – Лоик Шерали

Мо ташнаем, ташнаи дидори зиндагӣ,
Дил додаем бар кафи дилдори зиндагӣ.
Он қадр ошиқем, ки хушвақт бигзарем
Дар зери бори зиндагӣ бебори зиндагӣ.
Донистаем бо ҳама озодагии табъ,
К-озори зиндагӣ бувад осори зиндагӣ.
Мо ҷон ба ёри зиндагӣ додему ҷуз фироқ
Подоши ҷони мо нашуд аз ёри зиндагӣ.
Бо он, ки мо таронаи зебои ҳастием,
Бе мо зананд захмаҳо бар тори зиндагӣ.
Бо он, ки зиндагӣ бувад муҳтоҷи буди мо,
Ҷуз марг нест доруи бемори зиндагӣ.
[1988]
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *