Ту биё ба пешвозам, ки фироқ дар камин аст – Лоик Шерали

Ту биё ба пешвозам, ки фироқ дар камин аст
Бигузар зи раҳгузорам, ки гузашти ман яқин аст.
Чу ба остонат оям, ба ман остин маяфшон,
Ки ҳар остонаи мо аҷали дар остин аст.
Ту бигӯӣ инчунине, манат ончунон бигӯям,
Чу расид они реҳлат, на чунону на чунин аст.
Ту биё ба бистари ман, сари сина неҳ сарамро,
Ки ба бистари қиёмат на саре бувад, на синаст.
Ту макун туруш ҷабинро, маписанд ону инро,
Ки ҳар он чи дид бояд, ҳама аз хати ҷабин аст.
Ту биё ба паҳлуи ман, нигаҳе бикун суи ман,
Кӣ бидонад ин нигаҳро, ки нигоҳи вопасин аст.
21.01.1998
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *