БАРОИ СОҲИБНАЗАРОН – Лоик Шерали

БАРОИ СОҲИБНАЗАРОН

Равшангаромон ноаҳлу кӯранд,
Наздикҳомон аз хеш дуранд.
Чун кӯҳҳомон то пурсукутем,
То санги куҳҳо санги сабуранд,
Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

Тобе надорад ранги куҳистон,
Рафта ба толон санги куҳистон.
Гар санг рафта, саҳл аст, аммо
Рафта ба ғорат ҳанги куҳистон.
Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

Сарчашмадори хушкидакомем,
Озод гӯё, аммо ғуломем.
На марди майдон, на марди кайҳон,
Оё чӣ аслем, оё чӣ номем?
Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

Номи баланду пастии оҳанг,
Рӯҳи баланду рӯи пурожанг,
Дарё пуробу лабташна соҳил,
Кӯҳи баланду пастии фарҳанг…
Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

Аз пунбаи мо чун пираҳан нест,
Рӯи сафеде дар ҳамватан нест.
Аз пунба фахрем то рӯзи мурдан
Дар рӯзи мурдан аммо кафан нест…
Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

Озодагӣ не, оворагӣ ҳаст,
Чорагарӣ не, бечорагӣ ҳаст.
Дар кишвари худ, дар мазҳари худ
Худсоҳибӣ не, худхорагӣ ҳаст.
Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

Сарзиндагони дилмурда ҳастем,
Аз зарфи қисмат тарфе набастем.
Растем гуё аз бандагӣ, лек
Аз худ нарастем, аз худ нарастем.
Эй вой бар ман, эй вой бар мо!

[1997]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *