То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст, – Лоик Шерали

То дил накунад дард, надонӣ, ки дилат ҳаст,
То сар накунад дард, надонӣ, ки сарат ҳаст.
То ёр туро тарк нагӯяд, натавон гуфт
Аз ӯ ба дилу ҷон чӣ нишону асарат ҳаст.

То ҷӯи пуробат ба дари хона нахушкад,
Зинҳор надонӣ, ки беҳ аз баҳри дамон буд.
То гум накунӣ ёри қарин аз ғалати дил,
Зинҳор нагӯӣ, ки чунин буду чунон буд.

То аҳди ҷавонисту айёми муҳаббат,
Бигзаштани ин аҳд нагунҷад ба хаёле.
То дар дили мо ҳавсалае пир нагардад,
Беҳуда бувад огаҳиву қолумақоле.

То сабза насӯзад ба талу пушта зи гармо,
Кас пай набарад фасли баҳоре буду бигзашт.
То моҳ насӯзад ба само, мардуми дунё
Бо таҳлука он қадр ба ӯ нангарад аз паст.

Чунон ки фаромӯш шавад шеъру тарона,
Гуфтан натавонем каяш бо кӣ сурудем,
Ин гуна аҷаб не гузарад умру надонем,
Гуфтан натавонем, ки мо зиста будем…

[1974]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *