ХАЗОН – Лоик Шерали

ХАЗОН

Хазон мерӯфтӣ он рӯз, эй модар,
Хазон мерӯфтӣ аз пешгоҳи кулбаи фартут.
Хазони умр аз аҷзои ту мерехт,
Хазон мерӯфтӣ…
Гарчи хазонрези ҳаётат буд.

Хазонҳо рӯи роҳ афтода буданд –
Хазонҳои дарахтони ҳаёти дастпарвардат.
Ту меруфтӣ хазонҳорову гӯӣ бехабар будӣ
Зи рангу рӯи монанди хазон зардат.
Хазонҳо зери по афтода буданд.

Хазон мерӯфтӣ бо шохҷорӯби хазонрубӣ,
Вале аз дасти ногирои ту ҷорӯб меафтод.
Зи бедоди фалак, эй модари ҷон, сад фиғону дод,
Забонам оҷизу гуфтан наметонам,
Хазони умрро руфтан наметонам…

[1989]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *