ГАНҶИ КӮҲСОРОН – Лоик Шерали

ГАНҶИ КӮҲСОРОН

Ҳама ин ганҷҳо буданд,
То имрӯз ҳам буданд
Ниҳон дар қаъри куҳсорон
Ниҳон дар ҷавфи ҳар як санги кӯҳистон.
Ҳама ин ганҷҳо буданд то имрӯз ҳам, аммо
Намедонист тоҷик, то чи ганҷе зери хоки ӯст,
Намедонист пиромуни кӯи ӯ
Намедонист дар зери замини ҳотаи ӯ
Намедонист дар кӯҳи баланди рӯ ба рӯи ӯ
Чи ганҷи сармаде хуфта,
Чи махзанҳо, ки бинҳуфта.

Агар ҳам бурда буд бӯе,
Ки ганҷе дар дили кӯҳе ниҳон аст,
Намедонист, то чун бишканад қуфли тилисмашро,
Ки онро аждаҳое посбон аст.

… Чу равшан кард нури ақл ақсои куҳистон,
Чу бар аъмоқи ҳар кӯҳе назар афканд,
Ба хилватгоҳи ганҷури табиат раҳкушо гардид,
Ту гӯӣ дар дили куҳсор ҳам шӯру шарар афканд.

Зи ҳар кунҷи диёри мо,
Зи ҳар як резасанги кӯҳсори мо
Чи маъданҳову махзанҳо бадар омад.
Сипас бо ҳайрату эъҷоб
Дида ин ҳама ганҷинаи ноёб,
Ҳамепурсид тоҷик аз худу аз ҳамдеҳони худ:
Худовандо, чи эъҷозе!
Зи пушти хонаи ӯ,
Аз замини ҳотаи ӯ,
Аз лаби роҳе, ки пода мечаронад,
Аз он кӯҳе, ки ҳезум мекашонад,
Алғараз, аз ҳар канори зодгоҳи ӯ
Чӣ сон ин маъдану махзан бадар омад…

Сипас донист ҳар фарди куҳистонӣ
Ки рӯи ганҷи кӯҳистон
Нахуфта аждаҳое ҳеҷ
Ғайри аждаҳои ҷаҳлу нодонӣ…

[1973]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *