Ғазали 5 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 5

Ба хоки тира охир худсариҳо мебарад моро,

Чу оташ гарданафзоӣ таҳи по мебарад моро. Ғубори ҳасрати мо ҳеч наншаст аз замингирӣ,

Ки ҳар кас меравад, чун соя аз ҷо мебарад моро. Надорад ғорати мо но гавонон он қадар кӯшиш, Ғуборему танидан аз кафи мо мебарад моро.

Ба гулзоре, ки шабнам ҳам умеди рангу бӯ дорад, Нигоҳи ҳарзаҷавлон бе таманно мебарад моро. Агар аз дайр ворастем, шавқи Каьба пеш омад, Такупӯйи нафас, ё Раб, куҷоҳо мебарад моро?!

Ба пастиҳои оҳанги тараб хуфтаст меъроҷе,

Нафас гар вогудозад, то Масеҳо мебарад моро.

Дар оғӯши хазони мо ду олам ранг мебозад,

Зи худ рафтан ба чандин ҷилва якҷо мебарад моро. Гусастан нест осон рабти улфатҳои ин маҳфил,

Чу шамъ оташиионӣ ришта бар по мебарад моро. Дуконороии ҳастӣ гар ин хиҷлат кунад сомон, Арақ то хок гардидаи ба дарё мебарад моро.

Агар ибрат раҳи таҳқиқи матлаб сар кунад, Бедил, Ҳамин як пеши по дидан ба уқбо мебарад моро.

РУБОИИ 5

Ғар зарраи шавқе ба хаёл аст туро,

Сад умри абад дар таҳи бол аст туро.

Бе ишқ агар офтоб хоҳӣ гаштан,

Ҳуш дор, ки оқибат завол аст туро.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *