Ғазали 34 – Мирзо Абдулқодири Бедил

ҒАЗАЛИ 34

Судем саропову ба пое нарасидем,

Аз хеш гузаштему ба ҷое парасидем.

Кардем гул аз олами андешаи қудрат,

Дасте, ки ба домони дуое нарасидем. Ширинии гуфтор зи мо завқи амал бурд,

Чун ваьдаи ноқис ба вафое нарасидем.

То рахт набурдем ба сарчашмаи хуршед,

Чун соя ба собуни сафое нарасидем. Вомондани мо заҳмати пойи дигарон аст,

Эй обила, мо низ ба ҷое нарасидем.

Он бепаруболем, ки дар ҳасрати парвоз Гаштем губору ба ҳавое нарасидем.

Эй бахти сияҳ, навҳа ба маҳрумии мо кун, Ойина шудему ба лиқое нарасидем.

Афсонаи ҳастӣ чӣ қадар хоби фусун дошт, Мурдему ба таъмири фаное нарасидем. Матлаб ба нафас сурма шуд аз дарди тапидан, Фарёд, ки охир ба садое нарасидем.

Шабнам ҳама тан об шуд аз як назар ин ҷо, Мо ҳарзанигоҳон ба ҳиное нарасидем.

Бедил, ману гарди саҳару қофилаи ранг Рафтем ба ҷое, ки ба ҷое нарасидем.

РУБОИИ 34

Фардо ҳама гар биҳишту Кавсар ёбам,

Худро чӣ хаёл аст мукаррар ёбам?

Сад хулду ҳазор Кавсар орам ба пиёз,

Гар Бедилро бори дигар ёбам.

 

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *