Ба Пеш Ор Сағроқи Гулгуни Ман – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ба пеш ор сағроқи гулгуни ман,
Надонам, ки бода-ст ё хуни ман!
Наҷотест ҷонро зи ғарқоби ғам
Чу киштии Нӯҳе ба Ҷайҳуни ман!
Маро хуш бишӯяд зи обу зи гил,
Расонад ба аслу ба урҷуни ман!
Дар аҷзои ман хуш даромехта
Ба хешӣ чу Мӯсову Ҳоруни ман!
Зиҳӣ оби ҳайвон, зиҳӣ оташе,
Ки ҷамъанд ҳар ду ба конуни ман!
Чу нойам бибӯсад, чу даффам занад,
Чи хуш чанг дар зад ба қонуни ман!
Бирав, боқӣ аз соқии ман биҷӯй,
К-аз ӯ ёфт ширинӣ афсуни ман!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *