Вақтат Хушу Вақтат Хуш Ҳалвойиву Шаккаркаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Вақтат хушу вақтат хуш, ҳалвойиву шаккаркаш,
Ҷамшед туро чокар, хуршед туро мафраш!
Бихром, биё, к-ин дам, валлаҳ, ки намегунҷад
Не меваву не шева, не чарху маҳи маҳваш!
Ҷуз мову туву ҷоме дарё кафи хушноме,
Чун дег маҷӯш аз ғам, чун рег биё, даркаш!
З-он сӯй чу бигзаштам, шаш-панҷзанаш гаштам,
Ё Раб, ки чиҳо дорад з-он ҷониби панҷу шаш?!
Носохта афтодам дар доми ту, ай хушдам,
Ай бодаи дар бода, ай оташи дар оташ!
Не бас куну не бас кун, худро ҳама ахрас кун,
К-ин нест қироъоте, к-аш фаҳм кунад ахфаш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *