Гар Ҷон Ба Ҷуз Ту Хоҳад Аз Хеш Барканемаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Гар ҷон ба ҷуз ту хоҳад, аз хеш барканемаш,
В-ар чарх саркаш ояд, бар ҳамдигар занемаш!
Гар рахти хеш хоҳад, мо рахти ӯ диҳемаш,
В-ар қалъаҳо дарояд, вайронаҳо кунемаш!
Гар ин ҷаҳон чу ҷон аст, мо ҷони ҷони ҷонем,
В-ар ин фалак сар омад, мо чашми равшанемаш!
Бехи дарахт хок аст в-ин чарх шоху баргаш,
Олам дарахти зайтун, мо ҳамчу равғанемаш!
Чун ишқи Шамси Табрез оҳанрабой бошад,
Мо бар тариқи хидмат монанди оҳанемаш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *