Нозаниниро Раҳо Кун Бо Шаҳони Нозанин – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Нозаниниро раҳо кун бо шаҳони нозанин,
Нози гозур барнатобад офтоби ростин!
Сояи хешӣ, фано шав дар шуъоъи офтоб,
Чанд бинӣ сояи худ? Нури ӯро ҳам бибин!
Дар фикандай хеш ғалтӣ бехабар ҳамчун сутур,
Одамӣ шав, дар раёҳин ғалту андар ёсамин!
Аз хаёли хеш тарсад, ҳар ки дар зулмат бувад,
З-он ки дар зулмат намояд нақшҳои саҳмгин!
Аз ситорай рӯз бошад эмании корвон,
З-он ки бо хуршед омад ҳамқирону ҳамқарин!
Мурғи шаб чун рӯз бинад, гӯяд: «Ин зулмат зи чист?»
З-он ки ӯ гаштаст бо шаб ошнову ҳамнишин!
Шод он мурғе, ки миҳри шаб дар ӯ муҳкам нагашт,
Сӯйи Табрез ояд ӯ андар ҳавои Шамси дин!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *