Он Ёри Турушрӯро Ин Сӯй Кашонедаш – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Он ёри турушрӯро ин сӯй кашонедаш,
З-ин соғари хандонрӯ ҷоме бичашонедаш!
З-ин бода нахӯрдаст ӯ, з-он бориду сард аст ӯ,
Бо ин ҳама, бидҳедаш ҷоме, бипазонедаш!
Ӯ сирка чаро орад, ғӯра зи чи афшорад?!
З-он заҳр ҳамеборад, то ҷумла бидонедаш!
Он бодаи ангурӣ нафзояд ҷуз кӯрӣ,
Паҳлӯйи чунин бода, биллаҳ, манишонедаш!
Бошад бувадаш сакта, дар гӯр набояд кард,
З-ин оби Хизир як каф дар ҳалқ чашонедаш!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *