Он Шуълаи Нур Мехиромад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Он шуълаи нур мехиромад
В-он фитнаи ҳур мехиромад!
Шаб ҷома сапед кард, зеро
К-он моҳ зи дур мехиромад!
Мастони шабонаро башорат:
Соқӣ ба саҳур мехиромад!
Ҷонро ба мисоли уд сӯзем,
К-ин кони булӯр мехиромад!
Он фитна нигар, ки бори дигар
Бо сад шару шӯр мехиромад!
Он душмани сабрҳои ошиқ
Дар хуни сабур мехиромад!
Ҷонам ба фидои он Сулаймон,
К-ӯ ҷониби мӯр мехиромад!
Ҷуз чиҳраи ошиқон мабинед,
К-он шоҳи ғаюр мехиромад!
Дар қолаби халқ Шамси Табрез
Чун нафхаи сур мехиромад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *