Субҳдаме Ҳамчу Субҳ Пардаи Зулмат Дарид – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Субҳдаме ҳамчу субҳ пардаи зулмат дарид,
Нимшабе ногаҳон субҳи қиёмат дамид.
Воситаҳоро бурид, дид ба худ хешро,
Он-ч забоне нагуфт, бе cару гӯше шунид!
Пӯст бидаррад зи завқ, ишқ чу пайдо шавад,
Лек куҷо завқи он, к-ӯ кунадат нопадид?
Фақр бибурда сабақ, рафта табақ бар табақ,
Боз кунад қуфлро фақри мубораккалид!
Куштаи шаҳват палид, куштаи ақл аст пок,
Фақр зада хаймае з-он суйи поку палид!
Ҷумла дили ошиқон ҳалқа зада гирди фақр,
Фақр чу шайхушшуюх, ҷумлаи дилҳо мурид!
Чунки ба Табрез чашм Шамси Ҳақамро бидид,
Гуфт Ҳақаш: “Пур шудӣ?” Гуфт, ки “ҳал, ман мазид!”
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *