Тадбир Кунад Бандаву Тақдир Надонад – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Тадбир кунад бандаву тақдир надонад,
Тадбир ба тақдири Худованд чӣ монад?!
Банда чу бияндешад, пайдост, чӣ бинад,
Ҳилат бикунад, лек Худойӣ бинадонад!
Гоме ду чунон ояд, к-ӯ рост ниҳодаст,
В-он гоҳ кӣ донад, ки куҷоҳош кашонад?!
Истеза макун, мамлакати ишқ талаб кун,
К-ин мамлакатат аз малакулмавт раҳонад!
Шаҳро ту шикоре шаву кам гир шикоре,
К-ишкори туро бози аҷал бозситонад!
Хомуш куну бигзин ту яке ҷойи қароре,
К-он ҷо, ки гузинӣ, малак он ҷо-т нишонад!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *