Ҷонам Ба Фидо Бодо Онро Ки Намегӯям – Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ

Ҷонам ба фидо бодо онро, ки намегӯям,
Он рӯз сияҳ бодо, к-ӯро бинамеҷӯям!
Ябора шавам расво дар шаҳр, агар фардо
Ман бар дари дил бошам, ӯ ояд дар кӯям.
Гуфтам: “Санами маҳрӯ, гаҳ-гоҳ маро меҷӯ,
К-аз дард ба хуни дил рухсора ҳамешӯям!”.
Гуфто, ки туро ҷустам, дар хона набудӣ ту,
Ё Раб, кӣ чунин буҳтон мегӯяд дар рӯям?!
Як рӯз ғазалгӯён, валлоҳ, супорам ҷон,
Зеро ки чу мӯ шуд ҷон, азбаски ҳамемӯям!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *