Ту, Паризода, Надонам Зи Куҷо Меой,

Ту, паризода, надонам зи куҷо меой,
К-одамизода набошад ба чунин зебоӣ.
Рост хоҳӣ, на ҳалолат, ки пинҳон доранд,
Мисли ин рӯю нашояд, ки ба кас бинмой.
Сарв бо қомати эебои ту дар маҷлиси боғ,
Натавонад, ки кунад даъвии ҳамболоӣ.
Дар сароиои вуҷудат ҳунаре нест, ки нест,
Айб он аст, ки бар банда намебахшоӣ.
Ба Худо бар ту, ки хуни мани бечора марез,
Ки ман он қадр надорам, ки ту даст олоӣ.
Бе рухат чашм надорам, ки ҷаҳоне бинам,
Ба ду чашмат, ки зи чашмам марав, эй биноӣ.
На маро ҳасрати ҷоҳ асту на андешаи мол,
Ҳама асбоб муҳайёст, ту дармебоӣ.
Бар ман аз дасти ту чандон ки ҷафо меояд,
Хуштару хубтар андар назарам меоӣ.
Дигаре нест, ки меҳри ту дар ӯ шояд баст,
Чора баъд аз ту надонем ба ҷуз танҳоӣ.
« В-ар бихоҳӣ зи дари хеш биронӣ моро, –
Ҳамчунон шукр кунемат, ки азизи моӣ.
Ман аз ин дар ба ҷафо рӯй нахоҳам печид,
Гар бибандӣ ту ба рӯи ману гар бикшоӣ.
Чӣ кунад доии давлат, ки қабулаш накунанд,
Мо ҳарисем ба хидмат, ту намефармоӣ.
Саъдиё, духтари анфоси ту бас дил бибурд,
Ба чунин зевари маънй, ки ту меороӣ.
Боди Наврӯз, ки бӯи гулу сунбул дорад,
Лутфи ин бод надорад, ки ту мепаймоӣ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *