Моҳрӯё, Рӯи Хуб Аз Ман Матоб!

Моҳрӯё, рӯи хуб аз ман матоб!
Бехато куштан чӣ мебинӣ савоб?
Дӯш дар хобам дар оғӯш омадӣ
В-ин напиндорам, ки бинам ҷуз ба хоб.
Аз даруни сӯзноку чашми тар,
Нимае дар оташам, ниме дар об.
Новакашро ҷони дарвешон ҳадаф,
Нохунашро хуни мискинон хизоб.
У сухан мегӯяду дил мебарад,
У намак мерезаду мардум кабоб.
Ҳар кй бозояд зи дар пиндорам ӯст,
Ташнамискин об пиндорад сароб.
Ҳайф бошад бар чунон тан пераҳан,
Зулм бошад бар чунон сурат ниқоб!…
Бомдодон то ба шаб рӯят мапӯш,
То бипӯшонй ҷамоли офтоб!
Саъдиё, гар дар бараш хоҳӣ, чу чанг,
Гӯшмолат хӯрд бояд чун рубоб.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *