Гар Даст Диҳад Ҳазор Ҷонам,

Гар даст диҳад ҳазор ҷонам,
Дар пои муборакат фишомам!
Охир ба сарам гузар кун, эй дӯст
Ангор, ки хоки остонам!
Ҳар хукм, кн бар сарам биронӣ,
Сахл аст, эм хештан маронам!
Ту худ сари васли мо надорӣ,
Ман одати бахти хеш донам.
Охир, на ману ту дӯст будем?
Аҳди ту шикасту ман хамонам!
Ҳайҳот, ки чун ту шохбозе
Ташриф диҳад бар ошёнам!
Гар хона муҳаққар асту торик,
Бар дидаи равшанат нишонам!
Ман мӯхраи мехри ту нарезам,
Илло ки бирезад устухонам!
Маҷнунам, агар бахои Лайлй
Мулки Арабу Аҷам ситонам!
Ман тарки висоли ту нагӯям,
Илло, ба фироқи ҷисму ҷонам!
Гар номи ту бар сарам бигӯянд,
Фарёд барояд аз равонам!
Шаб нест, ки дар фироқи рӯят
Зорӣ ба фалак намерасонам!
Ширини замон туӣ, ба таҳқиқ,
Ман бандаи Хусрави замонам…
Ҳар кас ба замони хештан буд,
Ман Саъдии охираззамонам!
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *