Саргардон

Саргардон

Миёни мо, ки девор аст,
Дару дарвоза бекор аст.
Дару дарвозабони мо
Чи беномус,беор аст!

Ба кушки бедаре хорам,
Магар бар ин сазоворам?
Нагў қасри вафо моро
Чи даркор аст? Даркор аст!

Худам аз интихоби хеш,
Парешонгаштаам-дилреш.
Вагарна дар дар ин бозор,
Фаровон аст, бисёр аст.

Бувад дарбастагӣ беҳтар,
Аз ин сарбастагӣ-бедар.
Дари фарсудаи мо бин,
Фитода кунҷи девор аст.

Агарчи ду дари дунё
Вуруду хориҷ аст, оё
Тавофи хонаи бедар,
Ба даври нуқта паргор аст?! Sh.R

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *