Эй Дил, Мабош Як Дам Холӣ Зи Ишқу Мастӣ,

Эй дил, мабош як дам холӣ зи ишқу мастӣ,
В-он гаҳ бирав, ки растӣ аз нестиву ҳастӣ.
Гар ҷон ба тан бибинӣ, машғули кори ӯ шав,
Ҳар қиблае, ки бинӣ, беҳтар зи худпарастӣ.
Бо заъфу нотавонӣ ҳамчун насим хуш бош,
Беморӣ андар ин раҳ беҳтар зи тандурустӣ.
Дар мазҳаби тариқат хомӣ нишони куфр аст,
Оре, тариқи давлат, чолокиясту чустӣ.
То фазлу ақл бинӣ, бе маърифат нишинӣ,
Як нуктаат бигӯям, худро мабин, ки растӣ.
Дар остони ҷонон аз осмон бияндеш,
Қ-аз авҷи сарбаландӣ афтӣ ба хоки пастӣ.
Хор арчи ҷон бикоҳад, гул узри он бихоҳад,
Саҳл аст талхии май дар ҷанби завқи мастӣ.
Сӯфӣ, пиёла паймо, Ҳофиз, қароба парҳез,
Эй кӯтаҳостинон, то кай дароздастӣ?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *