Чароғи Рӯи Туро Шамъ Гашт Парвона,

Чароғи рӯи туро шамъ гашт парвона,
Маро зи ҳоли ту бо ҳоли хеш парво на.
Хирад, ки қайди маҷонини ишқ мефармуд,
Ба бӯи сунбули зулфи ту гашт девона.
Ба бӯи зулфи ту гар ҷон ба бод рафт, чӣ бок?
Ҳазор ҷони гиромӣ фидои ҷонона!
Мани рамида зи ғайрат зи по фитодам дӯш,
Нигори хеш чу дидам ба дасти бегона.
Чӣ нақшҳо, ки барагехтему суд надошт,
Фусуни мо бари ӯ гаштааст афсона.
Бар оташи рухи зебои ӯ ба ҷои сипанд,
Ба ғайри холи сиёҳаш кӣ дид беҳ дона?
Ба мужда ҷон ба сабо дод шамъ дар нафасе,
Зи шамъи рӯи туаш чун расид парвона!
Маро ба даври лаби дӯст ҳаст паймоне,
Ки бар забон набарам ҷуз ҳадиси паймона.
Ҳадиси мадрасаву хонақаҳ магӯй, ки боз
Фитод дар сари Ҳофиз ҳавои майхона.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *