Мақоми Амну Маи Беғашу Рафиқи Шафиқ,

Мақоми амну маи беғашу рафиқи шафиқ,
Гарат мудом муяссар шавад, зиҳӣ тавфиқ.
Ҷаҳону кори ҷаҳон ҷумла ҳеч дар ҳеч аст,
Ҳазор бор ман ин нуқта кардаам таҳқиқ.
Дареғу дард, ки то ин замон надонистам,
Ки кимиёи саодат рафиқ буд, рафиқ!
Ба маъмане раву фурсат шумур ғанимати вақт,
Ки дар камингаҳи умранд қотиъони тариқ.
Биё, ки тавба зи лаъли нигору хандаи ҷом
Ҳикоятест, ки ақлаш намекунад тасдиқ.
Агарчи мӯи миёнат ба чун мане нарасад,
Хуш аст хотирам аз фикри ин хаёли дақиқ.
Ҳаловате, ки туро дар чаҳи занахдон аст,
Ба кунҳи он нарасад сад хазор фикри амиқ.
Агар ба ранги ақиқе шуд ашки ман, чӣ аҷаб,
Ки мӯҳри хотами лаъли ту ҳаст, ҳамчу ақиқ.
Ба ханда гуфт, ки, Ҳофиз, ғуломи табъи туям,
Бибин, ки то ба чӣ ҳаддам ҳамекунад таҳмиқ.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *