Корам Зи Даври Чарх Ба Сомон Намерасад,

Корам зи даври чарх ба сомон намерасад,
Хун шуд дилам зи дарду ба дармон намерасад,
Бо хоки роҳ рост шудам, лек ҳамчунон
То обрӯ намеравадам, нон намерасад.
Пайпорае намеканам аз ҳеҷ устухон,
То сад ҳазор захм ба дандон намерасад.
Серам зи ҷони худ ба дили ростон, вале
Бечораро чӣ чора, чу фармон намерасад.
Аз орзуст гашта гаронбори ғам дилам,
Оваҳ, ки орзуи ман арзон намерасад.
Яъқубро ду дида зи ҳасрат сафед шуд,
Овозае зи Миср ба Канъон намерасад.
Аз ҳашмат аҳли ҷаҳл ба Кайвон расидаанд,
Ҷуз оҳи аҳли фазл ба Қайвон намерасад.
Аз дастбурди ҷаври фалак аҳли фазлро
Ин ғусса бас, ки даст сӯи ҷон намерасад.
То сад ҳазор хор намерӯяд аз замин,
Аз гулбуне гуле ба гулистон намерасад.
Суфӣ, бишӯй занги дили худ ба оби май,
К-аз шустушӯи хирқаат ғуфрон намерасад.
Ҳофиз, сабур бош, ки дар роҳи ошиқӣ
Ҳар кас, ки ҷон надод, ба ҷонон намерасад
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *