Дарахти Дӯстӣ Биншон, Ки Коми Дил Ба Бор Орад,

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,
Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад.
Чу меҳмони ҳаробатӣ, ба иззат бош бо риндон,
Ки дарди сар кашӣ, ҷоно, гарат мастӣ хумор орад.
Шаби сӯҳбат ғанимат дон, ки баъд аз рӯзгори мо
Басе гардиш кунад гардун, басе лайлу наҳор орад.
Иморидори Лайлиро, ки маҳди моҳ дар ҳукм аст,
Худоро, дар дил андозаш, ки бар Маҷнун гузор орад.
Баҳори умр хоҳ эй дил, вагарна ин чаман ҳар сол
Чу насрин сад гул орад бору чун булбул ҳазор орад.
Худоро, чун дили решам қароре баст бо зулфат,
Бифармо лаъли нӯшинро, ки зудаш бо қарор орад.
Дар ин боғ аз Худо хоҳад дар ин пиронасар Ҳофиз,
Нишинад бар лаби ҷӯеву сарве дар канор орад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *