Даме Бо Ғам Ба Сар Бурдан Ҷаҳон Яксар Намеарзад,

Даме бо ғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад,
Ба май бифрӯш далқи мо, к-аз ин беҳтар намеарзад.
Ба кӯи майфурӯшонаш ба ҷоме барнамегиранд,
Зиҳӣ саҷҷодаи тақво, ки як соғар намеарзад.
Рақибам сарзанишҳо кард, к-аз ин боб рух бартоб,
Чӣ афтод ин сари моро, ки хоки дар намеарзад?
Шукӯҳи тоҷи султонӣ, ки бими ҷон дар ӯ дарҷ аст,
Кулоҳе дилкаш аст, аммо ба тарки сар намеарзад.
Чӣ осон менамуд аввал ғами дарё ба бӯи суд,
Ғалат кардам, ки ин тӯфон ба сад гавҳар намеарзад.
Туро он беҳ, ки рӯи худ зи муштоқон бипӯшонӣ,
Ки шодии ҷаҳонгирӣ ғами лашкар намеарзад.
Чу Ҳофиз дар қаноат кӯшу аз дунёи дун бигзар,
Ки як ҷав миннати дунон дусад ман зар намеарзад.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *