Афсари Султони Гул Пайдо Шуд Аз Тарфи Чаман,

Афсари султони гул пайдо шуд аз тарфи чаман,
Мақдамаш ё раб муборак бод бар сарву суман.
Хуш ба ҷои хештан буд ин нишасти хусравӣ,
То нишинад ҳар касе акнун ба ҷои хештан.
Хотами Ҷамро башорат деҳ ба ҳусни хотимат,
К-исми аъзам кард аз ӯ кӯтоҳ дасти аҳриман.
То абад маъмур бод ин хона, к-аз хоки дараш
Ҳар нафас бо бӯи раҳмон мевазад боди Яман.
Шавкати пури Пашангу теғи оламгири ӯ
Дар ҳама «Шаҳнома»-ҳо шуд достони анҷуман.
Хинги чавгонии чархат ром шуд дар зери зин,
Шаҳсаворо, чун ба майдон омадӣ, гӯе бизан!
Ҷӯйбори мулкро оби равон шамшери туст,
Ту дарахти адл биншон, бехи бадхоҳон бикан!
Баъд аз ин нашгифт агар бо нақҳати хулқи хушат,
Хезад аз сахрои Эзаҷ нофаи мушки Хутан.
Гӯшагирон интизори ҷилвае хуш мекунанд,
Баршикан тарфи кулоҳу бурқаъ аз рух барфиган.
Эй сабо, бар соқии базми Атобак арза дор,
То аз он ҷоми зарафшон ҷуръае бахшад ба ман.
Машварат бо ақл кардам, гуфт: Ҳофиз, май бинӯш,
Соқиё, май деҳ ба қавли мусташори мӯътаман.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *