Акнун, Ки Зи Гул Боз Чаман Шуд Чу Биҳиште,

Акнун, ки зи гул боз чаман шуд чу биҳиште,
Соқӣ, маи гулранг талаб бар лаби киште!
Занги ғамат аз дил маи гулранг зудояд,
Бишнав, ки чунин гуфт маро поксириште:
Килки ту марезоду чавоби шакаринаш,
Меҳр аз ту надид, арна ҷавобе бинавиштӣ.
Меъмори вуҷуд ар назадӣ ранги ту аз ишқ,
Дар оби муҳаббат гили Одам насириштӣ.
Ҷаҳли ману илми ту фалакро чӣ тафовут,
Он ҷо, ки басар нест, чи хубиву чи зиштӣ.
Бар хоки дари хоҷа, ки айвони ҷалол аст,
Гар болиши зар нест, бисозем ба хиште.
Тарсобачае дӯш ҳамегуфт, ки Ҳофиз
Ҳайф аст, ки ҳар дам кунад оҳанги куниште.
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *