Агар Рафиқи Шафиқӣ, Дурустпаймон Бош!

Агар рафиқи шафиқӣ, дурустпаймон бош!
Ҳарифи хонаву гармобаву гулистон бош!
Шиканҷи зулфи парешон ба дасти бод мадеҳ,
Магӯ, ки хотири ушшоқ, гӯ, парешон бош!
Гарат ҳавост, ки бо Хизр ҳамнишин бошӣ,
Ниҳон зи чашми Сикандар чу оби ҳайвон бош!
Румузи ишқнавозӣ на кори ҳар мурғест,
Биёву навгули ин булбули ғазалхон бош!
Тариқи хидмату оини бандагӣ кардан,
Худойро, ки раҳо кун ба мову султон бош!
Дигар ба сайди ҳарам теғ бармакаш зинҳор,
В-аз он чӣ бо дили мо кардаӣ, пушаймон бош!
Ту шамъи анҷуманӣ, якзабону якдил шав,
Хаёлу кӯшиши парвона бину хандон бош!
Камоли дилбариву ҳусн дар назарбозист,
Ба шеваи назар аз нозирони даврон бош!
Хамӯш, Ҳофизу аз ҷаври ёр нола макун,
Туро кӣ гуфт, ки дар рӯи хуб ҳайрон бош?
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *