Эй бурҷи хаёлҳои ширин, – Лоик Шерали

Эй бурҷи хаёлҳои ширин,
Наздик биё, ки даст гирам.
Ё домани ту ба даст орам,
Ё чашм ба сӯи ту бимирам.

Ноҷуста туро, хаёл кардам
Осуда насиби дил хурам ман.
Чун ҷуста наёфтам, аён шуд,
Якумр фиреби дил хурам ман.

Сад бор умеди ман туро ёфт,
Сад бор зи кӯтаҳӣ раҳо кард.
Сад бор туро бисохт дар ман,
Сад бор туро зи ман ҷудо кард.

Ман дур зи ту, ту дур аз ман,
Ман мегузарам, ту безаволӣ.
Эй бурҷи муҳаббати фиребо!
Эй бурҷи саодати хаёлӣ!

[1988]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *