Оҳ, агар боз туро медидам, – Лоик Шерали

Оҳ, агар боз туро медидам,
Сар ба пою қадамат месудам.
Аз ҳама печу хами ҷодаи умр
Дар хами зулфи ту меосудам.

Мешикастам ҳама армони дилам
Дар сари зулфи шикан дар шиканат.
Бахти пажмурдаи ман гул мекард
Чун гули рӯи чаман дар чаманат.

Мекашидам зи ҳама дастон даст,
Мекушодам пари парвози баланд.
Шодбахтам! Ба суи ҳафт фалак
Мезадам дод ба овози баланд.

Менишастам ба барат чашм ба чашм,
Як қадам аз ту намерафтам дур.
Як қадам дур намерафтам ҳеҷ
Аз дари хонаи ту то дари гӯр.

Дар канори ҳама дунё умре
Нашъаи атри канорат бас буд.
Ахтари бахт намеҷустам ман,
Ахтари чашми хуморат бас буд.

Шояд он вақт сухан на зи фироқ,
Ё ғами дилшиканат мегуфтам.
Беҳтарин шеъри дилангезамро
Балки аз як суханат мегуфтам.

Ҳолия монда дили пурҳасрат
Аз мани дилшудаю дилдода.
Аз чунон хирмани пурбори умед
Монда мушти кафаку пасбода…

Оҳ, агар боз туро медидам,
Доғи ишқи ту намебурдам ман.
Хурда ғамҳои ту мемурдам, лек
Хурда афсӯс, намемурдам ман…

[1986]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *