Ишқҳои мурдае дар синаам – Лоик Шерали

Ишқҳои мурдае дар синаам
Гоҳ-гаҳ хомӯш исён мекунанд.
Гаҳ маро аз хештан розию шод,
Гаҳ маро аз худ пушаймон мекунанд.

Андаруни ман чи шӯришҳои дард,
Андаруни ман чи тӯфони балост.
Мегурезам аз хатои худ, вале
Ин гурезам боз бадтар аз хатост.

Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Нест ҳеҷ аз дасташон ҷои гурез.
Бо ҳама навъе муросо мекунам
Андар ин дунёи каҷдорумарез.

Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар дилу дар дидаву дар хотирам.
Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар замири шеърҳои дафтарам…

Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Дар хаёлу хобҳои равшанам.
Ёдгори сӯхтанҳои баланд,
Шоҳиди айёми ошиқ буданам.

Ишқҳои мурдаи ман зиндаанд
Бо ману шавқи тапишҳои дилам.
Бо тамоми лағзишу айбу гуноҳ,
Бо ҳама пинҳону пайдои дилам.

Ишқҳои мурдаам бо ман мудом
Ҳар куҷо дасту гиребон мешаванд.
Мебарандам гаҳ ба зери дорҳо,
Бар сарам гаҳ тирборон мешаванд.

Ишқҳои мурдаи даъвогарам
Ҳар нафас бар додгоҳам мекашанд.
Ишқҳои мурдаи балвогарам
Оқибат рӯзе маро ҳам мекушанд…

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *