Дили ман чун гули даврони хеш аст, – Лоик Шерали

Дили ман чун гули даврони хеш аст,
Ба даврони дигар ҳаргиз нарӯяд.
Хазон дорад баҳори зиндагонӣ,
Хазонро ҳеҷ кас чун гул набӯяд.

Чи тадбире! Худо ҳар чиз додаст,
Банавбат боз чун қарзаш бигирад.
Дили ман раҳни шеъру шоирӣ буд,
Бимирад ҳам, ба бадномӣ намирад.

Суханро ҳамчу гул гулдаста бастам
Барои хотири гулпираҳанҳо.
Уқоб андар баландӣ гар бимирад,
Дили ман – дар баландии суханҳо…

Ту, эй уммедгоҳи зиндагиям,
Маро ҳаргиз макуш андар дили хеш.
Маро гар куштӣ, бошӣ қотили шеър,
Маро гар куштӣ, бошӣ қотили хеш.

Маро дар ошёни равшани худ
Чу тақвиме, чу тасвире нигаҳ дор.
Китоби шеърҳои содаамро
Чу фарёде зи тақдире нигаҳ дор.

Ман аз ту дур хоҳам рафт рӯзе
Чу барги рехта аз шохсорон,
Вале то реша андар хок дорам,
Туро ёд оварам то навбаҳорон.

Туро ёд оварам чун қиблаи дил,
Чу меҳроби дили садпораи хеш.
Туро ҷустам тамоми умр чун шеър,
Вале ҳаргиз наҷустам чораи хеш.

Ту асли шеъру ишқу орзуӣ,
Бинои шоирию ошиқӣ кун.
Агарчи будаам нолоиқи ту,
Ту аз ҳар байт ёди Лоиқе кун!..

[1982]

Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *