Дар диёри ман, ки ғоратдида аст – Лоик Шерали

Дар диёри ман, ки ғоратдида аст
Чашми мардум аз камон тарсидааст.
Аз бари домони фардои сафед
Дасти уммеди ҳама бибридааст.
Ғук шуд оҳангсози булбулон
Хук гулҳои чаманро чидааст.
Ғунчаро сар мебурад шамшери хор
Гар ба рӯи булбуле хандидааст.
Чун пари каҳ каҳкашонҳоро гирифт,
Хирмани дони амал коҳидааст.
Чархи дӯлоб обҳоро даркашид,
Қатра уқёнусро балъидааст.
25.01.1995
Share:

Leave a Reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *